Семинари омӯзишии Гурӯҳи кории байниидоравии \"Мониторинг ва арзёбӣ\"-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Мониторинг ва арзёбӣ»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 июли соли 2022 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии оид ба «Монитроинг ва разёбӣ»-и Шӯрои миллии рушд назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон давраи омӯзишии дурӯза доир намуд.  

 Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бозиев Камолиддин иштирокчиёни семинарро хайрмақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии банақшагирии самарабахши соҳавӣ ҳамчун асоси муайян намудани ташаббусҳо ва самтҳои сиёсати давлатии соҳавӣ қайд карда шуда, инчунин Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаҳои институтсионализатсияи раванди таҳия ва мониторинги татбиқи стратегия/барномаҳои рушдро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт.

Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.

20 июл иштирокчиёни семинари омӯзиши  имконият пайдо карданд, ки матритсаи амалҳои барномаи шартиро бо дарназардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР 2030/БМР 2025 ва ахбороти гирифташударо аз худ намуда, онро дар мисоли амалй кор карда баромаданд.

Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиботи  Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Телефон: 221-13-53