Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ

Барои мукаммал намудани фаъолияти кори Шӯро ва мунтазам пайгирӣ намудани раванди ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда дар самти татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор,  дар назди котиботи Шӯро, яъне Вазорати рушди иқтисод ва савдо 14 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи самтҳои зерин таъсис дода шудаанд:

  1. Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
  2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;
  3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
  4. Саноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот;
  5. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул;
  6. Таҳсилоти босифат;
  7. Тандурустӣ;
  8. Ҳифзи иҷтимоӣ;
  9. Самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун;
  10. Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об;
  11. Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим;
  12. Баробарии гендерӣ;
  13. Мониторинг ва арзёбии СМР 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор;
  14. Маблағгузории СМР ва ҲРУ.

Вазифаи Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ

Вазифаи асосии Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии рушд аз матраҳ ва баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаб дар заминаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин дарёфти роҳу механизмҳои ҳалли онҳо иборат мебошад.

Ҳангоми дар сатҳи ҳамин Гурӯҳи корӣ ҳал нашудани масъалаҳо, мумкин аст баррасии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.

Вазифаи Роҳбари гурӯҳҳои кории байниидоравӣ

Вазифаи асосии Роҳбари гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии рушд аз ҳамоҳанг сохтани фаъолияти аъзоёни гурӯҳ,  қабули қарорҳои дахлдор вобаста ба самтҳои дахлдори алоҳида, пешниҳоди масъалаҳои ҳалталаб тавассути Котиботи Шӯро ҷиҳати баррасии онҳо дар    ҷаласаҳои Шӯро иборат мебошад.

Замимаҳо: