Дар бораи Котибот

Котиботи Шӯро ҳамчун мақоми кории Шӯро ба ҳисоб рафта фаъолияти иттилоотию таҳлилӣ, ҳуқуқӣ, инчунин ташкилию техникиро таъмин менамояд. Ба сифати Котиботи Шӯро Вазорати рушди иқтисод ва савдо муайян шудааст.

Нақши асосии Котиботи Шӯро пеш аз ҳама дар ҳамоҳанг сохтани рафти татбиқи  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,  барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳадафҳои рушди устувор ва фаъолияти гурӯҳҳои байниидоравӣ, ҳамчунин роҳандозӣ намудани ҳамкории байни гурӯҳҳои кории байниидоравӣ  бо шарикони рушд, ниҳодҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар таҷассум мегардад.