Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 июли соли 2022 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии оид ба «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат»-и Шӯрои миллии рушд назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон давраи омӯзишии дурӯза доир ба банақшагирии соҳавӣ гузаронида шуд.
Дар тренинг намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии омор ва дигар намояндагон иштирок доштанд.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзӣ – Назаров Баҳодур иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии банақшагирии самарабахши соҳавӣ ҳамчун асоси муайян намудани ташаббусҳо ва самтҳои сиёсати давлатии соҳавӣ қайд карда шуд.
Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.
27 июл иштирокчиёни семинари омӯзиши имконият пайдо карданд, ки матритсаи амалҳои барномаи шартиро бо дарназардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР 2030/БМР 2025 ва ахбороти гирифташударо аз худ намуда, онро дар мисоли амалӣ кор карда баромаданд.
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба адреси зерин муроҷиат карда шавад: телефон: 2364085