Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи иҷтимоӣ»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 августи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидорави оид ба «Баробарии гендерӣ»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир ба банақшагирии соҳавӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ намояндагони, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигорахон Ғаффорзода иштирокчиёни семинарро хайрмақдам гуфт. Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии банақшагирии самарабахши соҳавӣ ҳамчун асоси муайян намудани ташаббусҳо ва самтҳои сиёсати давлатии соҳавӣ қайд карда шуд.
Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.
3 август иштирокчиёни семинари омӯзиши имконият пайдо карданд, ки матритсаи амалҳои барномаи шартиро бо дарназардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР 2030/БМР 2025 ва ахбороти гирифташударо аз худ намуда, онро дар мисоли амал кор карда баромаданд.
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 918 66 84 22