Семинари омӯзишии Гурӯҳи кории байниидоравии «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағирёбии иқлим»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағирёбии иқлим»-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 августи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағирёбии иқлим»-и Шӯрои миллии рушд назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон давраи омӯзишии дурӯза доир ба банақшагирии соҳавӣ  гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзишӣ намояндагони, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар гурӯҳи кории байниидоравӣ шомиланд иштирок доштанд.

  Дар рафти семинар коршиносони БРСММ дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳо пешниҳод намуда, инчунин воситаҳои амалии зеринро баррасӣ намуданд: методологияи муайян кардани мушкилоти афзалиятноки бахшҳо, механизмҳои ҳалли онҳо ва методологияи муайян намудани арзиши барномаҳо ва стратегияҳо.

Дар рафти омӯзиш назария ба амалия табдил дода шуда, барои иштирокчиёни семинар оид ​​ба ташаккули сохтори барномаҳо аз рӯи мисолҳои шартӣ, инчунин ташаккули занҷири мантиқӣ дар муқаррар намудани ҳадафҳо, вазифаҳо ва амалӣ гардондани тадбирҳои хуҷҷатҳои стратегии мамлакат бо дарназардошти ҲРУ оварда шуданд.

19 август иштирокчиёни семинари омӯзиши  имконият пайдо карданд, ки матритсаи амалҳои барномаи шартиро бо дарназардошти тамоми унсурҳои системаи мониторинг ва арзёбӣ, нишондиҳандаҳои ҲРУ ва СМР 2030/БМР 2025 ва ахбороти гирифташударо аз худ намуда, онро дар мисоли амалй кор карда баромаданд.

Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат карда шавад: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон

Тел:987273734

Замимаҳо: