Рӯзҳои 01-02 сентябри соли 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии машваратӣ ва техникии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон семинар оид ба баррасии лоиҳаи Барномаи соҳавии таълим ва шуғли ҷавонон, занон ва маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 (Барнома) , инчунин тренингҳо оид ба мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба БМР ва ҲРУ.
Дар доираи семинар самтҳои асосии ҳадаф ва вазифаҳои Барнома муаррифӣ карда шуданд. Муҳокима дар доираи гурӯҳи кории Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вусъат додани шуғли пурмаҳсул» сурат гирифт. Ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва принсипи «ҳеҷ касро дар канор нагузоридан» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Иштирокчиёни семинар дар гурӯҳҳои хурд кори таҳлилӣ гузаронида, тавонистанд барои дохил намудан ба Барнома пешниҳодҳои худро пешниҳод намоянд. Дар муҳокима намояндагони созмонҳои кор бо маъюбон ширкат варзида, натиҷаҳои тадқиқоте, ки махсус барои ин барнома миёни маъюбон гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид. Натиҷаҳои бадастомада имкон доданд, ки эҳтиёҷоти маъюбон баҳо дода шуда, унсурҳои асосӣ ба доираи Барнома дохил карда шаванд.
Дар нимаи дуюми семинар ба фаъолияти системаи пурмаҳсули мониторинг, ки ба вазорату идораҳои масъул имкон медиҳад, ки пешрафтро дар самти ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда дар соҳаи рушди миллӣ самаранок пайгирӣ намуда, инчунин дар татбиқи ва мониторинги ҳадафҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои дахлдор дар самти рушди устувор, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 қабул кардааст.
Иштирокчиён система ва раванди мониторинг ва арзёбии (М ва баҳодиҳии) татбиқи чорабиниҳои БМР 2021-2025-ро баррасӣ намуда, оид ба рафти мониторинг ва арзёбӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, коршиносони миллии БРСММ шакли ҳисоботро барои ҷамъоварии маълумот оид ба татбқи БМР 2021-2025 пешниҳод намуда, ба муҳокима пешниҳод намуданд. Иштирокчӣ бо шаклҳои ҳисоботӣ кор карда, мувофиқи ҷузъи мантиқии матритсаи амали БМР 2025 ба шаклҳои ҳисоботӣ тағйирот ворид кард.
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти чамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед: 905404015