Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ санаи 28 октябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб семинари омӯзиши оид ба «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» баргузор намуд.
Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши гурӯҳи кории оид ба раванди банаҳшагирии стратегӣ мебошад.
Дар тренинг масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Меҳмонон, доир ба қоидаҳои дуруст ба ҳисобгирии имкониятҳои дохилӣ, ҷалб ва ба лоиҳаҳои барномаи рушди ноҳия ворид намудани онҳо ба иштироккунандагон, ки дар раванди таҳияи барнома бевосита иширок менамоянд, суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи«ТақвиятииқтидориШӯроимиллиирушдиназдиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон, вазоратҳоисоҳавӣ, идораҳовамақомотииҷроияиҳокимиятидавлатӣбароиҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторингваҳисоботдиҳииСМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷонибиБарномаирушди СММмаблағгузорӣкарда шуд.