Тренинги омӯзиши оид ба «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» дар шаҳри Истаравшан

 Тренинги омӯзиши оид ба «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» дар шаҳри Истаравшан доир гардид.

       Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рӯзҳои 3-4 ноябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тренинги омӯзиши оид ба «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» баргузор гардид.

 Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши гурӯҳи кории оид ба раванди банақшагирии стратегӣ мебошад.

           Дар тренинг масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иштирок намуданд. Тренерон, доир ба қоидаҳои дуруст ба ҳисобгирии имкониятҳои дохилӣ, ҷалб ва ба лоиҳаҳои барномаи рушди шаҳр ворид намудани онҳо ба иштироккунандагон, ки дар раванди таҳияи барнома бевосита иширок менамоянд, суханронӣ намуданд.

          Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷониби Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ карда шуд.