Таҷриба ва дарсҳои омӯхташуда дар ташкили баҳодиҳии интизорӣ ва нишондиҳандаҳо дар таҳияи лоиҳаҳои соҳавӣ

Семинари мазкур, ки 28 декабри соли 2022 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи як силсила семинарҳо барои гурӯҳи кории №13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастурамалҳои методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии таҷрибаи ташкили интизориҳо ва арзёбии нишондиҳандаҳо дар раванди таҳияи лоиҳаҳои соҳавӣ бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:

Халифаев М.Х. (чонишини сардори Саридораи иктисодиёт ва пешгуии Вазорати энергетика ва хочагии об). «Сабакҳо аз татбиқи марҳилаи якуми ҳадафҳои асосии соҳаи энергетика»

Назаров Б.Г. (Сардори Саридораи сиёсати аграрй ва назорати таъминоти озукавории Вазорати хочагии кишлок. магистратураи агрономй). «Раванди таҳияи барномаи соҳавӣ (дар мисоли лоиҳаи Барномаи рушди системаи агро- озуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030)»

Муминова Ф.М. (Мудири шуъбаи моделсозй ва пешгуии процессхои ичтимоию иктисодии Институти иктисодиёт ва демографияи АИ Точикистон. Номзади илмхои иктисоди). “Равишҳои асосӣ барои ташкили арзёбии интизориҳо ва нишондиҳандаҳо дар раванди таҳияи Стратегия/Барномаи рушд (дар сатҳи соҳавӣ)”

Дар фарҷоми семинар иштирокдорон саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд аз рӯи барномаҳои соҳавӣ баррасӣ намуданд