Арзёбии талаботи функсионали нисбат ба кормандони масъул барои мониторинг ва арзёбии раванди татбики Стратегия/ барномахои рушд дар вазорату идораҳо

Семинари мазкур, ки 20 январи соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи силсилаи семинарҳо барои Гурӯҳи кории No13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастури методӣ барои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии арзёбии талаботи функсионали нисбат ба кормандони масъул барои мониторинг ва арзёбии раванди татбики Стратегия/ барномахои рушд дар вазорату идорахо бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:

- Истифодаи дониш, малака ва таҷрибаи андухтаи мутахассисони вазорату идораҳо барои беҳтарсозии раванди мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Халифаев М.Х. - чонишини сардори Саридораи иктисодиёт ва пешгуии Вазорати энергетика ва хочагии об)

Арзёби ва раванди мониторинги татбиқи стратегияҳо /барномаҳои рушд (Назаров Б.Г. - Сардори Саридораи сиёсати аграрй ва назорати таъминоти озукавории Вазорати кишоварзи).

Арзёбии талаботхои зарурӣ доир ба таъминоти кадрии равандҳои мониторинг ва арзёбии тахияю татбиқи стратегияҳо/барномаҳои рушд (Муминова Ф.М. – мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар робита ба арзёбии талаботи функсионали нисбат ба кормандони масъул барои мониторинг ва арзёбии баррасӣ намуданд.