Семинари мазкур, ки 25 январи соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи силсилаи семинарҳо барои Гурӯҳи кории No13 мебошад, ки ҷиҳати таҳияи Дастури методӣ барои мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди ҳамаи мақомоти давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии арзёбиҳо оид ба формати умумии пойгоҳи додаҳо ва мубодилаи иттилооти байниидоравии маълумот бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:
- «Раванди ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн кардани маълумоти оморӣ»-и муовини сардори Раёсати низоми ҳисобҳои миллии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзоди Ҳукмиддин.
- «Мубодилаи байниидоравии иттилоот дар доираи раванди арзёбии татбиқи стратегия/барномаҳои рушд» аз ҷониби хонум Маҷон Манучеҳра - сардори Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
- «Ҳисобот оид ба ҷанбаҳои амалии коркарди манбаъҳои иттилоот дар раванди арзёбӣ ҳамчун қисми асосноккунии стратегияҳо/барномаҳо ва татбиқи онҳо» аз ҷониби Муминова Ф.М. – мудири шуъбаи моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд аз рӯи формати пойгоҳи додаҳо ва табодули иттилооти байниидоравӣ баррасӣ намуданд.