Санаи 19 январи соли 2023 соати 14:00 дар конфронстолори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содироти назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии дафтари Барномаи рушди СММ дар Точикистон мизи муддавар дар мавзӯъҳои саноатикунонӣ, навоварӣ ва инфрасохтор (ҲРУ 9)” бо назардошти саноатикунонии босурати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул (ҲРУ 8) барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз хисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва доираи олимон ва коршиносони соҳавӣ, ки ба раванди таҳияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ҷалб карда шудаанд, иштирок намуданд.
Мизи мудавварро Ҳамоҳангсози Шарҳи ихтиёрии милли Мадҷон М.М. оғоз намуда, кайд кард, ки мақсад аз чорабини дар доираи фаъолияти Гуруҳи кории Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот барраси намудани мавзӯъҳои Саноатикунонӣ, навоварӣ ва инфрасохтор (ҲРУ 9)” бо назардошти саноатикунонии босурати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул (ҲРУ 8) мебошад.
Кайд карда шуд, ки дар Шарҳи ихтиёрии милли масъалаи гузариш аз модели анъанавии рушд ба модели саноаткунонии босуръат баррасӣ карда шуда, он дар баробарӣ ба вуҷуд овардани заминаи калони саноатӣ инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнатро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ дар назар дорад. Дар ин радиф масъалаҳои кам кардани истифодаи сармояи табиӣ, партовҳо ва даврияти гардиши молу хизматрасониҳо, тарзи истеҳсол, истеъмол ва аз нав кор карда баромадани партовҳо муҳим арзёбӣ мегарданд.
Тибқи барнома дар рафти мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ Мадҷон М.М. суханрони намуда, консепсия ва мундариҷаи шарҳро ба ҳозирин муаррифи намуд. Аз ҷумла кайд карда шуд, ки шарҳи ихтиёри миллӣ - равандест, ки кишварҳо тавассути он вазъи рушди миллӣ ва пешравиро ҳамчун ҷузъи раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамоянд. Дар раванди таҳияи Шарҳ алоқамандии масъалаҳои оби тоза, энергетика ва саноатикунонӣ дар доираи мавзӯи васеи рушди “сабз” барои ояндаи устувор ва дурахшон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар ин радиф бо мақсади рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 аз 30 сентябри соли 2022, №482 қабул гардид.
Инчунин дар рафти чорабини коршиноси сохави Махкамов Баҳодур рӯнамои худро дар мавзуи саноатикунонӣ, навоварӣ ва инфрасохтор (ҲРУ 9)” бо назардошти саноатикунонии босурати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул (ҲРУ 8) барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ба хозирин пешниход намуда, байни аъзои гуруҳи кори муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар муҳокимаронихо оид ба инъикоси мавзуҳои мазкур дар Шархи ихтиёрии милли вобаста ба масъалахои зиёд намудани истеҳсоли қувваи барқи кифоя барои таъмини раванди саноатикунонии босуръат, ба рохҳмондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои рақобатпазирии сатҳи баланд дар соси ашёи хоми ватанӣ, расмикунонии иқтисоди ниҳони ва ҷалби васеи бахши хусусӣ ба сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноати коркард ва технологияхои нав ва мубодилаи маълумот сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту гази Вазорати энергетика ва захираҳои об, Норматов Ш., Сардори раёсати технологияхои нави Вазорати саноат ва технологияхои нав Раҳмонов М., муовини сардори раёсати омори саноати ва сохтмони Агентии омор, Мақсудова Мунира, намояндаи Ассоциацияи хоҷагиҳои деҳоқни Раҳимов Х.С., намояндаи Агентии содирот Исмоилзода А., коршиноси соҳави оид ба масъалахои рушди саноат, Махкамов Баҳодур ва дигарон фаъолона иштирок ва ибрози назар намуданд.
Дар охири мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ ба аъзои гуруҳи кори барои иштирок дар кори мизи мудаввар изҳори сипос гуфта, ба сафарбар намудани сайъу кушишҳои муштараки вазорату идораҳо, доираи коршиносони соҳавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии шарикони рушд барои ҳамкори ҷиҳати таҳияи шарҳи дуюми ихтиёрии милли кишвар ва дар сатҳи баланди мазмунӣ ва фарогири ҷанбаҳои калидии рушди устувор ва сазовор муаррифӣ кардан дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.
Бояд тазаккур дод, ки шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти дастовардҳои кишвар дар самти ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ мегардад.
Ҷиҳати таҳияи шарҳ тибқи супориши супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2022, №29526 (29-6.2) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, ҳайати коршиносони соҳавӣ ҷалб карда шудаанд.
Инчунин консепсияи шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои таҳияи он дар мизи мудаввар санаи 12 декабри соли 2022 муаррифӣ карда шуданд.
Тибқи консепсия барои шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ мавзӯи васеи рушди сабзи иқтисоди миллӣ барои ояндаи устувор ва дурахшон пешниҳод карда мешавад.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.