Машварати миллӣ бо намояндагони ташкилотҳои маъюбон ва волидони кӯдакони маъюб дар доираи таҳияи гузориши Шарҳи ихтиёри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҲРУ 2030

2 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе машварати миллӣ бо намояндагони ташкилотҳои маъюбон ва волидони маъюбон дар доираи таҳияи гузориши шарҳи ихтиёри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он саъю талоши кишвар барои ноил шудан ба ҲРУ инъикос гардида, инчунин масъалаи мазкур дар Форуми сиёсии сатҳи баланд муаррифӣ мегардад.

Машварати миллӣ дар асоси диди муштараки таъмини эҳтироми комил, ҳимоя ва амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, инчунин бо назардошти иҷрои уҳдадории «Касеро дар канор нагузоштан» ташкили имконият барои иштироки пурра ва баробарии ҳамаи шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳаёти ҷомеа гузаронида шуд, ки ин масъала дар рӯзномаи СММ барои то соли 2030 пешбинӣ шуда, ҳамзамон дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар низ инъикос ёфтаанд.

Ба шарофати иштироки намояндагони ҷамъияти маъюбон, волидони кӯдакони маъюб, вазорату идораҳо, шарикони рушд Машварати миллӣ барои пешниҳоди ҷонибҳои манфиатдор бо иттилоот ва маълумоти зарурӣ оид ба тадбирҳои дар соҳаи таъмини муҳити дастрас, таҳсилот, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва ноил шудан ба ҳадафҳои ҲРУ  имконият пайдо карданд.

Тавассути кори муштараки иштирокчиёни Машварати миллӣ мушкилот ва афзалиятҳои имрӯза назди давлат муайян гардида, самаранокии тадбирҳои амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳо ва маҷмӯи чорабиниҳои зерин дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ бо назардошти манфиатҳои маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд амалӣ карда мешаванд.

Машварати миллӣ бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Финляндия, дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Барои маълумоти иловагӣ бо мо дар тамос шавед:Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон 221-13-53

Замимаҳо:
Аксҳо: