Семинарҳои собиқ иштирокчиёни курси омӯзишӣ

Дар арафаи ҷашни Наврӯз, аксари собиқ иштирокчиёни курси омӯзишӣ «Арзёбии сиёсат ва таҳияи лоиҳа», ки аз 3 то 20 феврал дар Ҷопон баргузор шуд, аз ҳафтаи гузашта дар гузаронидани семинарҳо дар ҳар як вазорат фаъолона иштирок мекунанд.

Мақсади семинарҳои собиқ иштирокчиён ин ба таври мухтасар баён кардани он донишу таҷрибае, ки онҳо дар Ҷопон омӯхтаанд, то барои пешабри кардани мониторинг ва арзёбӣ дар тамоми вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ мусоидат кунанд.

Рӯзи ҷумъа, 10 марти соли равон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ иштирокчӣ - Умарзода Форҳодӣ дар мавзӯи «Арзёбии барнома: мафҳум, ҳадаф, раванд ва принсипҳои асосӣ» семинар баргузор намуд, ки дар рафти семинар аз ҷанбаҳо ва нуқтаҳои мониторинг / арзёбӣ ва нишондиҳандаҳое, ки ӯ дар Ҷопон омӯхта буд, баён кард. Барои он ки ба иштирокчиён дар бораи таърифи нишондиҳанда ва нақшаи ҷамъоварии маълумот тасаввуроти возеҳ диҳад, ӯ дар бораи ду нишондиҳандаҳо як мисоле ба миён овард ва пурсид, ки оё ин ду нишондиҳандаро барои арзёбӣ муқоиса кардан мумкин аст ё на. Бисёре аз иштирокчиён ба ин савол ҷавоб доданд ва ин боиси баҳси хубе гардид. Дар фарҷоми семинар иштирокчиён арзёбии «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруномада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро баррасӣ намуданд.

 

Ҷадвали пурраи семинарҳои собиқ иштирокчиён замима шудааст.

Замимаҳо:
Аксҳо: