Санаи 15 март дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, коршиносони миллӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифии консепсияи Шарҳи ихтиёрии миллӣ баргузор гарид.
Дар ҷаласа аз ҷониби намояндаи вазорат моҳияти Шарҳи ихтиёрии миллӣ дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор суханронӣ намуда, сипас аз ҷониби коршиноси миллӣ вобаста ба консепсия ва сохтори Шарҳи ихтиёрии миллӣ рӯнамо пешниҳод гардид.
Қайд гардид, ки тавассути Шарҳи ихтиёрии миллӣ кишварҳо вобаста ба ҷараёни милликунонӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳисобот пешниҳод намуда, ҳангоми муаррифии он ҳамасола мубодилаи афкор ва таҷрибаи кишварҳои аъзои СММ сурат мегирад.
Аз ҷониби кормандони Вазорат ба сохторҳои Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастур дода шуд, ки дар таҳияи Шарҳи ихтиёрии миллӣ фаъолона ширкат намуда, ҳангоми зарурият ба таҳиякунандагони он маълумотҳои дахлдори худро пешниҳод намоянд.