Робитаи байни Ҳадафҳои рушди устувор ва Барномаи рушди минтақа.

Шаҳри Турсунзода дар 55-км ғарбии шаҳри Душанбе бо 300 ҳазор аҳолӣ ҷойгир аст. Шаҳр бо ширкати бузурги алюминии "ТАЛКО" маъруф аст, ки маҳсулоташ яке аз ҷузъҳои аслии содироти Тоҷикистон аст.

Собиқ иштирокчии курси омӯзишӣ НАЗИРЗОДА Муҳсиддин Аҳтам рӯзи ҷумъа, 17 март дар бинои мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Турсунзода семинар баргузор кард. Ҳудуди 151 нафар кормандони мақомоти иҷроияи давлатии шаҳр бо иштироки мӯҳтарама Азимова Саноат, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода дар толор ҷамъ омаданд.

НАЗИРЗОДА Муҳсиддин Аҳтам, мудири шӯъбаи савдо ва иқтисоди дар мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Турчунзода бо маърӯза баромад намуда, нахуст ба Мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд таваҷҷуҳ намуда, баъдан дар бораи таҷрибаи худ дар Ҷопон, бахусус барномаи рушди саноатии префектураи Кочи суханронӣ намуд. Вай инчунин таассуроти худро дар бораи комёбиҳои дехаи Умадзи дар бобати истехсоли махсулоти нимтайёри юдзе ва дар тамоми Япония фурухтани он накл кард.

Баъд аз маъруза мушовири котиботи шурои миллии рушд, профессор Ниино дар бораи принсипи «аз поён ба боло» дар ташкили барномаи рушди саноатии префектураи Кочи тавассути сафарбар кардани муҳокимаҳо дар байни мардуми ҷамоат суханронии кӯтоҳ кард.

Аксҳо: