12 декабри соли 2022 таҳти ҳамраисии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд мизи мудаввар оид ба ифтитоҳи раванди таҳияи Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. чорабинии мазкурро оғоз намуда қайд намуд, ки шарҳи ихтиёри миллӣ - равандест, ки кишварҳо тавассути он вазъи рушди миллӣ ва пешравиро ҳамчун ҷузъи раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамоянд. Ҳадафи шарҳи ихтиёрии миллӣ таҳкими сиёсати Ҳукумат ва ниҳодҳо барои сафарбар кардани шарикии бисёрҷониба баҳри ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) мебошад. Барои кишвари мо ин раванди баҳодиҳӣ, таҳлили самтҳои афзалиятноки рушди кишвар, дарки беҳтари таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва муайян кардани роҳҳои ҳалли инноватсионии пешбурди сиёсат барои суръат бахшидан ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шарҳи ихтиёрии миллии худро соли 2017 барои арзёбии ҳамгироии Рӯзномаи 2030 дар ҳошияи сиёсати миллӣ омода ва пешниҳод намуда буд. Шарҳи аввали ихтиёрии миллии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба решакан кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва милликунонии Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи ду ҳадаф калидии стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат баррасӣ гардид.
Дар мизи мудаввар ду масъалаи муҳим “Муаррифии Консепсияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ва мундариҷаи қаблии он” аз ҷониби коршиноси миллӣ Муминова Ф. М. ва “Муаррифии Нақша чорабиниҳо доир ба таҳияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ - 2023” Сардори Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мадҷон М. М. мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ Солеҳзода А. А. ба аҳли толор барои иштироки фаъол дар мизи мудаввар изҳори сипос намуд. Инчунин қайд намуданд, ки ҳамаи он пешниҳоду таклифҳое, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд шуд, барои мо бисёр муҳим буда, дар мундариҷаи шарҳ ба инобат гирифта мешаванд. Чунки доираи васеи машваратҳо дар баробари таҳлили объективӣ ва ҳамаҷонибаи техникӣ ҷузъи муҳими раванди омода намудани шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз дар ин раванд омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор изҳор менамояд ва аз ҳамаи шумо вобаста ба ин даъват ба амал меорад.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.