Санаи 1 феврали соли 2023 соати 14:00 дар конфронстолори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии дафтари Барномаи рушди СММ дар Точикистон мизи муддавар дар мавзӯъҳои ҳифзи иҷтимоӣ (ҲРУ 3) бо назардошти манфиатҳои табакаҳои осебпазири аҳоли (ҲРУ 10) барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз хисоби намояндагони вазорату идорахо, бахши хусуси ва доираи олимон ва коршиносони сохави, ки ба раванди тахияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ чалб карда шудаанд, иштирок намуданд.
Мизи мудавварро Хамохангсози Шархи ихтиёрии милли Мадчон М.М. огоз намуда, кайд кард, ки максад аз чорабини дар доираи фаъолияти Гуруҳи кории Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оид ба ҳифзи иҷтимоии барраси намудани мавзӯъҳои ҳифзи иҷтимоӣ (ҲРУ 3) бо назардошти манфиатҳои табакаҳои осебпазири аҳоли (ҲРУ 10) мебошад.
Кайд карда шуд, ки дар Шархи ихтиёрии милли яке аз чанбахои калиди риоя намудани принсипи «Касеро дар канор нагузоштан» буда, вобаста ба ин бо дастгирии дафтари СММ дар Точикистон ташкилоти чамъиятии Бюро оид ба хукукхои инсон чалб карда шуда, хисоботи тахлили оид ба табакахои осебпазири ахоли омода карда шудааст. Хисоботи тахлили масъалахои хукук ва манфиатхои чунин табакахои ахоли ба монанди маъюбон, пиронсолон, шасхони гирифтори ВНМБ ва шахсони аз махбас озодшуда
Тибки барнома дар рафти мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ Мадчон М.М. суханрони намуда, консепсия ва мундаричаи шархро ба хозирин муаррифи намуд. Аз чумла кайд карда шуд, ки шарҳи ихтиёри миллӣ - равандест, ки кишварҳо тавассути он вазъи рушди миллӣ ва пешравиро ҳамчун ҷузъи раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамоянд. Дар раванди таҳияи Шарҳ алоқамандии масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти манфиатҳои табакаҳои осебпазири аҳоли барои ояндаи устувор ва дурахшон мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Инчунин дар рафти чорабини коршиноси соҳави Зокирова Н., Муминова Ф. рӯнамои худро дар мавзуи дастовардхои кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоӣ (ҳРУ 3) бо назардошти манфиатҳои табакаҳои осебпазири аҳоли (ҳРУ 10) барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ба хозирин пешниход намуда, байни аъзои гурухи кори мухокимаи пурмухтаво сурат гирифт.
Дар мухокимаронихо оид ба инъикоси мавзухои мазкур дар Шархи ихтиёрии милли вобаста ба масъалаҳои мубодилаи маълумот Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кудак Худоёрзода М., Довудхони М сармутахассиси раёсати таҳсилоти босифати Вазорати маориф.,
Кормандони Агентии омор Раҳмонов Ҷ Х ва Муминов О. А., намояндаи Ассоциацияи хочагихои дехкони Рахимов Х.С., намояндаи Агентии содирот Исмоилзода А., коршиноси сохави оид ба масъалахои таҳсилоти босифат Қурбонзода М ва дигарон фаъолона иштирок ва ибрози назар намуданд.
Дар охири мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ ба аъзои гурухи кори барои иштирок дар кори мизи мудаввар изхори сипос гуфта, ба сафарбар намудани сайъу кушишҳои муштараки вазорату идораҳо, доираи коршиносони соҳавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии шарикони рушд барои ҳамкори ҷихати таҳияи шарҳи дуюми ихтиёрии милли кишвар ва дар сатҳи баланди мазмунӣ ва фарогири ҷанбаҳои калидии рушди устувор ва сазовор муаррифӣ кардан дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.
Бояд тазаккур дод, ки шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти дастовардҳои кишвар дар самти ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ мегардад.
Ҷиҳати таҳияи шарҳ тибқи супориши супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2022, №29526 (29-6.2) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, ҳайати коршиносони соҳавӣ ҷалб карда шудаанд.
Инчунин консепсияи шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои таҳияи он дар мизи мудаввар санаи 12 декабри соли 2022 муаррифӣ карда шуданд.
Тибқи консепсия барои шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ мавзӯи васеи рушди сабзи иқтисоди миллӣ барои ояндаи устувор ва дурахшон пешниҳод карда мешавад.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.