Мизи мудаввар вобаста ба муаррифии таҳияи консепсияи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Санаи 28 март дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки намояндагони Вазорат, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони шаҳру тобеи ҷумҳурӣ, коршиносони миллӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифии консепсияи Шарҳи ихтиёрии миллӣ баргузор гарид.

Дар ҷаласа Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо Мадҷон М. оид ба моҳият, консепсия ва мундариҷаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   суханронӣ намуда, сипас аз ҷониби  коршиноси миллӣ Муминова Ф. лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии миллӣ рӯнамо пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки тавассути Шарҳи ихтиёрии миллӣ кишварҳо вобаста ба ҷараёни милликунонӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳисобот пешниҳод намуда, ҳангоми муаррифии он ҳамасола мубодилаи афкор ва таҷрибаи кишварҳои аъзои СММ сурат мегирад.

Баъд аз муаррифии лоиҳа муҳокимаи он сурат гирифт, ки иштирокчиёни воқеӣ ва маҷозӣ дар рафти он фаъолона фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Қайд карда шуд, ки лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.developmentcouncil.tj ҷойгир карда мешавад.

Вобаста ба ин аз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш карда шуд, ки дар баррасии лоиҳаи қаблии Шарҳи ихтиёрии миллӣ фаъолона ширкат намуда, ба таҳиякунандагони он ва таклифҳои худ ва дар сурати зарурият маълумоти дахлдорро пешниҳод намоянд.