Мизи мудаввар дар мавзӯи Таҳсилот ва малакаҳо барои рушди сабз ва инъикоси он дар Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи  24  январи соли 2023 соати 14:00 дар конфронстолори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии дафтари Барномаи рушди СММ дар Точикистон мизи муддавар дар мавзӯи таҳсилоти босифат ва инъикос он дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахо, бахши хусуси ва доираи олимон ва коршиносони соҳави, ки ба раванди таҳияи Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ҷалб карда шудаанд, иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Ҳамохангсози Шарҳи ихтиёрии милли Мадчон М.М. оғоз намуда, қайд кард, ки максад аз чорабини дар доираи фаъолияти Гуруҳи кории Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ барраси намудани мавзӯи маблағгузори бо назардошти манфиатҳои табакаҳои осебпазири аҳоли  мебошад.

Кайд карда шуд, ки дар Шарҳи ихтиёрии милли яке аз ҷанбаҳои калиди риоя намудани принсипи «Касеро дар канор нагузоштан» буда, вобаста ба ин бо дастгирии дафтари СММ дар Точикистон ташкилоти ҷамъиятии Бюро оид ба ҳуқуқҳои инсон ҷалб карда шуда, ҳисоботи таҳлили оид ба табақаҳои осебпазири аҳоли омода карда шудааст. Ҳисоботи таҳлили масъалаҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои чунин табакаҳои аҳоли ба монанди маъюбон, пиронсолон, шасхони гирифтори ВНМБ ва шахсони аз маҳбас озодшуда.

Тибқи барнома дар рафти мизи мудаввар хамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ Мадҷон М.М. суханрони намуда, консепсия ва мундариҷаи шарҳро ба хозирин муаррифи намуд. Аз чумла қайд карда шуд, ки шарҳи ихтиёри миллӣ - равандест, ки кишварҳо тавассути он вазъи рушди миллӣ ва пешравиро ҳамчун ҷузъи раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамоянд. Дар раванди таҳияи Шарҳ  алоқамандии масъалаи таҳсилоти босифат бо назардошти манфиатҳои табақаҳои осебпазири аҳоли барои ояндаи устувор ва дурахшон мавриди омӯзиш қарор мегирад.

 Инчунин дар рафти чорабини коршиноси соҳави М Мадҷон., Муминова Ф. рӯнамои худро дар мавзуи дастовардҳои кишвар дар самти таҳсилоти босифат барои инъикос дар Шарҳи дуюми ихтиёри миллӣ ба ҳозирин пешниҳод намуда, байни аъзои гурӯҳи кори муҳокимаи пурмуҳтаво сурат гирифт.

Дар муҳокимарониҳо оид ба инъикоси мавзуҳои мазкур дар Шарҳи ихтиёрии милли вобаста ба масъалаҳои мубодилаи маълумот Лоиқзода Абдурауф - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон., Азиззода И- Муовини сардори раёсати омори демографӣ шуғли аҳолӣ ва иҷтимои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон фаъолона иштирок ва ибрози назар намуданд.

Дар охири мизи мудаввар ҳамоҳангсоз оид ба таҳияи ШИМ ба аъзои гурӯҳи кори барои иштирок дар кори мизи мудаввар изҳори сипос гуфта, ба сафарбар намудани  сайъу кушишҳои муштараки вазорату идораҳо, доираи коршиносони соҳавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии шарикони рушд барои ҳамкори ҷихати таҳияи шарҳи дуюми ихтиёрии милли кишвар ва дар сатҳи баланди мазмунӣ ва фарогири ҷанбаҳои калидии рушди устувор ва сазовор муаррифӣ кардан дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.

Бояд тазаккур дод, ки шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти дастовардҳои кишвар дар самти ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ мегардад.

Ҷиҳати таҳияи шарҳ тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2022, №29526 (29-6.2) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта,  ҳайати коршиносони соҳавӣ ҷалб карда шудаанд.

Инчунин консепсияи шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои таҳияи он дар мизи мудаввар санаи 12 декабри соли 2022 муаррифӣ карда шуданд.

Тибқи консепсия барои шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ мавзӯи васеи рушди сабзи иқтисоди миллӣ барои ояндаи устувор ва дурахшон пешниҳод карда мешавад. 

 

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.

 

Замимаҳо: