Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба «Таҳсилоти босифат» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 майи соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба “Таҳсилоти босифат”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуд.

Ҷаласаро Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло кушода, роҷеъ ба масъалаҳои таҳсилоти босифат ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023 “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  суханрони намуд.

Кайд карданд,  ки дар тӯли панҷ соли охир, шумораи умумии хонандагони мактабҳои миёна 186 ҳазор нафар (беш аз 2 млн. нафарро ташкил медиҳад) ва фарогирии воқеӣ бо таҳсилоти миёна 7,8 фоиз (бо таъмини фарогирӣ дар сатҳи 95,5 фоиз, аз ҷумла духтарон - 94,7 фоиз) афзоиш ёфт. Инчунин, бо вуҷуди коҳишёбии фарогирӣ бо афзоиши синну сол дар доираи таҳсилоти мактабӣ дар байни писарону духтарон (синфҳои 5–9) мушкилоти фаро нагирифтани тақрибан 4 фоиз кӯдакони аз 11 то 15-сола боқӣ мемонад. Дар ин давра шумораи муаллимони мактабҳо ба миқдори 14,7 ҳазор нафар, ҳиссаи муаллимони дорои маълумоти олӣ аз 68,7 то 72,3 фоиз, аз ҷумла дар деҳот аз 65,4 то 69,4 фоиз афзуд. Дар баробари ин, тамоюли пиршавии омӯзгорони мавҷуда тавассути воридшавии омӯзгорони нави ҷавон то андозае паст шудааст ва ҳиссаи омӯзгорони ҷавон (бо собиқаи камтар аз 10-сола) 47 фоизро ташкил дод.

Дар раванди ҷаласа Сардори раёсати таҳсилоти босифати Вазорати маориф ва илми ҶТ Қурбонзода Муҳаммадсалим маърӯза оид ба масъалаҳои таҳсилоти босифат, дар доираи фаъолияти вазорат аз рӯи Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ барои давраи то соли 2023  пешкаши иштирокчиён намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурамуҳтаво сурат гирифт.

  Инчунин дар рафти семинар коршиноси ЮНИСЕФ - Шукуфа Ибодова  ва коршиноси Шарикии байналмилалии буҷетӣ - Уктам Ҷумаев рӯнамоҳо пешниҳод намуданд: Арзёбӣ ва муҳимият он дар раванди таҳия ва такмили барномаву стратегияҳо, Методологияи таҳияшудаи Индекси Платформаҳои иштирок.  

Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кори Метадологияи таҳияшудаи Индекси Платформаи иштирок мавриди баррасӣ қарор гирифта бо дарҷи пешниҳодҳо дастгири ёфт.

Дар анҷоми ҷаласа  Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло масъалаҳои мониторинг ва арзёбии барномаҳои соҳаи маориф, афзоиши дастрасии таҳсилот аз беҳтар гардидани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ низ вобастагӣ дорад, таъкид намуда фаъолияти пурасамари аъзоёни гуруҳи кориро  дар ин самт ҷиҳати таҳияи нақшаи амал барои солҳои 2024- 2026-и Стратегия маориф   саривақти донист.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.

Замимаҳо: