Муаррифӣ ва муҳокимаи ҷанбаҳои асосии лоиҳаи Дастурамал оид ба табодули иттилоот ва таъмини кадрҳои раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои (барномаҳои) рушди миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ.

Семинари мазкур, ки 21 июни соли 2023 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, идомаи силсилаи семинарҳои Гурӯҳи кории No13 барои таҳияи Дастурамалҳои методӣ оид ба мониторинги ва арзёбии барномаҳои рушди ниҳодҳои давлатӣ. Семинари мазкур ба баррасии лоиҳаи Дастурамал оид ба табодули иттилоот ва таъмини кадрҳои раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои рушд бахшида шуда буд. Лекцияхо ба таври зерин шунида шуданд:

- Муаррифии «Таҷрибаи таъмини иттилоот ва кадрҳо дар раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои (барномаҳои) рушди соҳавӣ – дар мисоли бахши энергетика» аз ҷониби Халифаев Манучеҳр, Вазорати энергетика ва захираҳои об.

- Муаррифии «Таҷрибаи таъмини иттилоот ва кадрҳо дар раванди арзёбии иҷрои барномаҳои минтақавӣ» аз ҷониби Яҳёев Фирдавс, Кумитаи рушди маҳаллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Муаррифии «Таҷрибаи таъмини иттилоот ва кадрҳо дар раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои (барномаҳои) миллии рушд»-и хонум Маҷони Манучеҳра – сардори Сарраёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

- Муаррифии «Муқаррароти асосӣ оид ба ташкили иттилоот ва таъминоти кадрӣ дар раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои (барномаҳои) рушди миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ» аз ҷониби Муминова Фарида, мудири кафедраи моделсозӣ ва пешгӯии рушди иҷтимоию иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон .

- Муаррифӣ дар мавзӯи «Системаи арзёбии миллӣ дар Ҷопон ва рушди устувори захираҳои инсонӣ дар ШМР» аз ҷониби Ниино-сан, мушовири JICA дар Котиботи ШМР – Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён саволҳои худро дода, инчунин пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Дастури методӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар робита ба табодули иттилоот ва таъмини кадрҳо дар раванди арзёбии татбиқи стратегияҳои рушд баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, иштирокчиён ба таҷриба ва сабақҳои андӯхтаи раванди мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушд дар сатҳи маҳаллӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Замимаҳо: