7 июли соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Тандурустӣ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Сардори раёсти ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандаев Илҳом ва Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба масъалаҳои тандурустӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 суханронӣ намуданд.
Бандаев Илҳом қайд карданд, ки рафти амалисозии нақшаи амал барои солҳои 2021-2023 ва 2 соли амалишавии Барномаи миёнамуҳлат як қатор вазифа ва чорабиниҳо татбиқ гардидаанд.
Дар раванди ҷаласа Сармутахасссиси Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ Ассадулло Шарапов муарифнома оид ба мониторинг ва арзёбии соҳаи тандурустиро дар Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 пешкаши аъзои гуруҳи корӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳаи тандурустӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, таъмини дастрасӣ ва сифати доруворӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, пурзур намудани мубориза бар зидди бемориҳои сил ва гепатитҳои вирусӣ, вируси нави COVID-19 ва баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар робита ба таъмини дастрасӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ як қаторҳои корҳои амалиро иҷро намудаанд, ки метавонад ба пешравии соҳа мусоидат намояд.
Инчунин қайд карда шуд, ки баланд бардоштани фарҳанги тиббии шаҳрвандон, солимии ҷомеа фаъолияти якҷояи ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед