14 июли соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид кушода, мавзуъҳои дар рӯзномаи ҷаласа баррасишавандаро барои муаррифи ба вазорату идораҳои масъул пешниҳод намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа 9 барномаи соҳавию минтақавӣ аз ҷониби Муовинони соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти ҷаласа муаррифномаҳо аз ҷониби Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло–муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025, аз ҷониби Муҳсинзода Ғафур Муҳсин –муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, аз ҷониби Нуриддинзода Аҳлиддин –муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз ҷониби Сафарзода Олим–муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Сардори раёсати фарҳанги вазортаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025, аз ҷониби намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, аз ҷониби Сардори раёсати нақлиёти заминии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2025 ба ҳозирин пешниҳод гардиданд.
Дар ҷамъбаст Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид барномаҳои муаррифишударо супориш доданд, ки бо назардошти эроду пешниҳодҳо аз ҷониби масъулин пурра карда шуда, ҷиҳати гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 24 июли соли 2023 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда шаванд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед