27 июли соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дасгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласа навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ»-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳвандӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Роҳбари гуруҳи корӣ - муовини энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳамадзода Сорбон кушода, роҷеъ ба масъалаҳои таъмини устувори дар расонидан ва истеъмоли нерӯи барқ дар тамоми самтҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва Ҳадафаҳои рушди устувор суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа раванди иҷрои нақша чорабиниҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар самти энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта вобаста ба ҳолати иҷрои онҳо аз ҷониби вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва техналогияҳои нав, ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» рӯнамоҳо ва гузоришҳо пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои афзоиши иқтидори тавлидӣ, афзоиши содироти нерӯи барқ, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, коҳиши сатҳи талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, татбиқи лоиҳаи низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон, Данғара, Кӯлоб ва Бохтар, рушди энергияи сабз ва нақши он дар таъмини амнияти энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ дар ҷараёни татбиқи чорабиниҳои барномаҳои рушди соҳавӣ хеле зарур мебошад. Махсусан дар соҳаи энергетика аз мо талаб карда мешавад, ки таҷрибаи мониторинг ва арзёбии кишварҳои пешрафтаро омӯзем ва онро дар ин самт татбиқ намоем.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба барномаҳои соҳаи энергетика, мушкилоти мавҷуда дар раванди татбиқшавии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед