17 августи соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид маблағгузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҷаласаро Муовини Сардори Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазортаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Яздонзода Исфандиёр ва Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Мадҷон кушода, роҷеъ ба маблағгузории Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ ва масъалаҳои арзёбии индекси платформаи иштирок суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа муарифномаҳо аз ҷониби Яздонзода Исфандиёр ва коршиноси Шарикии байналмилалии буҷетӣ - Уктам Ҷумаев пешниҳод гардиданд.
Яздонзода Исфандиёр рӯнамо оид ба масъалаҳои маблағгузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба аъзои гуруҳи корӣ муарифи намуд. Қайд намуд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иктисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмуи тадбирҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 иникосёфта равона шудаанд, муайян карда шуданд. Ба чунин афзалиятҳо шомиланд: (1) маориф; (2) тандурустӣ; (3) шуғл; (4) нобаробарӣ; (5) мубориза бар зидди коррупсия; (б) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) идоракунии самаранок; (8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии низоъи эҳтимолӣ; (10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандхои демографӣ.
Ҳамасола хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва дар маҷмуъ татбиқи босамари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 тавассути зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дасттирии оилаҳои камбизоат бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар намуди кумакпулиҳо, инчунин соҳаҳои икқисодиёти ҷумхурӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва тамини амнияти давлатӣ таҳия ва амали карда мешавад. Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз чумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва инчунин барномаҳои рушди минтақаҳои ҷумхурӣ, сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ ва маблағгузории дигар чорабиниҳои давлатӣ дар 5 соли охир мувофиқи Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои молиявӣ» тамин гардидааст. Ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ дар солҳои 2017-2022 чунин аст. Масалан, дар соли 2018 барои ин мақсадҳо 24,0 млрд сомонӣ равона гардида бошад, пас ин нишондод дар соли 2022-ум 45 фоиз афзоиш ёфта, ба 34,0 млрд сомонӣ расидааст.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби аъзои гуруҳи кории байниидоравӣ аз ҷумла намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат, саноат ва техналогиҳои нав муҳокимарониҳои сурат гирифта аз ҷониби Вазорати молия пурра маблағгузории нашудани барномаҳо масъалагузори карда шуд.
Яздонзода Исфандиёр қайд карданд, ки таҳиякунандаи лоиҳаи барнома бояд бо тамоми вазорату идораҳои соҳавӣ лоиҳаро мувофиқ намуда дар асоснокунии лоиҳаи барнома тамоми ҷамбаҳо ва паҳлуҳои заруриро дарҷ намояд, ки лоиҳаи қарор ва ташаббус ҷонибдори гардад.
Шарифова Дилафруз Сардори шӯъбаи дурнамо ва банақшагирии вазорати саноат ва техналогияҳои нав қайд карданд, ки яке аз ҳадафҳои миллӣ ин саноаткунонии босуръати кишвар баҳисоб меравад. Вале амалинамоии нақшаю ҷорабиниҳо ва расидан ба нишондиҳандаҳои нақшавии барномаҳои соҳаи саноат тамоман ғайриқаноатбахш буда ҷиҳати татбиқи онҳо маблағгузорӣ аз ҷониб буҷети давлатӣ пурра дастрас нагардида мушкили ба миён омадааст.
Ҳамзамон савол дода шуд, ки оё Комиссияи буҷетӣ ва Вазорати молия ҳар як соҳаро дар алоҳидаги дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд? Ҳимоя агар шавад ҳамаи хароҷотҳои ҷории соҳавӣ пушида мешавад ё на?
Яздонзода Исфандиёр қайд намудаанд, ки буҷети давлатӣ сол аз сол афзоиш ёфтаистодааст. Ҷигунае, ки вазоратҳои соҳавӣ дар назди вазорати молия нақшаи буҷети соли ояндаро ҳимоя менамоянд пас ҷиҳати тасдиқ вазорат бозбини намуда вобаста ба бартариятҳо ва афзалиятҳои соҳавӣ қабул менамояд. Ҳадафҳои афзалиятнок бартарият доранд ва маблағҳо ба ҳамон самтҳо равона мегардад. Ҳамзамон хароҷот низ дар асоси даромад буҷет пешбини мегардад. Хароҷотҳо агар зиёд шаванд даромади буҷет наметавонад маблағгузории барномаҳоро пурра таъмин намояд.
Дар рафти ҷаласа Мануҷеҳра Мадҷон қайд карданд, ки ҷиҳати муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври пилоти метадалогияи арзёби индекси иштирок ба гуруҳҳои кории байниидоравӣ пешниҳод гардидааст бори аввал аз ҷониби Уктам Ҷумаев коршиноси байналмилалии буҷетӣ арзёбӣ гузаронида шуда натиҷаҳо ба шумо пешкаш мегардад.
Уктам Ҷумаев рӯнамои худро вобаста ба метадологияи таҳияшудаи Индекси Платформаи иштирок ба аъзои гуруҳи мазкур муррифи намуда тавсияҳои худро вобаста ба фаъол намудани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи стратегия ва барномаҳои рушд роҳҳои ҷалб намудани онҳо дар қабул намудани қорорҳо манзур карданд.
Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ Метадологияи таҳияшудаи Индекси Платформаи иштирок мавриди баррасӣ қарор гирифта бо дарҷи пешниҳодҳо дастгири ёфт.
Дар ҷамбасти ҷаласа вобаста ба дуруст банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳо ва маблағгузорӣ дар раванди таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои идоракунӣ якчанд пешниҳодҳо ва қарорҳо қабул гардиданд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед