6 октябри соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Таҳсилати босифат” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Ҷаласаро Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳра Мадҷон- Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъияти иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа рӯномаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Баррасии амалишавии Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оид ба Баррасии амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438) муарифи гардиданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа ин таъмини баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо, баланд бардоштани устувории молиявӣ ва самаранокӣ дар соҳаи маориф,ташкил ва рушди шабакаи касбии миллии таҳқиқот ва ихтирооти илмӣ-техникӣ бо такя ба технологияҳои сарфакунандаи захираҳо дар шароити барзиёдии неруи корӣ ва минтақаи кӯҳӣ мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулл – Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Баррасии амалишавии Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) суханрони намуданд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед