Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин-Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ду барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

           - «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213, масъул Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ);

          - «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №461, масъул Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ).

          Оид ба рафти иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби  Мақсадуллозода Парвиз-муовини Сардори Раёсати муҳоҷиратии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» Давлатов Холмирзо Бобохонович- Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Тибқи нақша то имрӯз бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ рӯнамои 16 барномаи соҳавию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.