Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён санаи 20 ноябри соли ҷорӣ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор тавассути банақшагирии самараноки миллӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии дониш (PIP); Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA III);» баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021-2025 ба нақша гирифтааст.
Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандт ва бахши хусусӣ, оид ба рафти иҷрои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Қубодиён дар соли 2023 мебошад. Баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳои дар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар гашта, барои беҳтар гаштани сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи аз аввали татбиқи барномаи рушди ноҳияи Қубодиён аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои банақшагирифташуда, ба маблағи 126,5 млн. сомонӣ амалӣ шудааст, ки ин 54 фоизи иҷроиши Барномаро ташкил намуд. Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, саноат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқуллода, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва роҳ амалӣ гаштаанд.