10 ноябри соли 2023 ш. Душанбе
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии №7 (Тандурустӣ) Шӯрои миллии рушди назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷадвали тасдиқшуда доир ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор намуд.
Ҷаласаро муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муҳсинзода Г.М. оғоз намуда, ҳолати кунунии соҳаи тандурустиро дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Дарҷ гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар кишар сиёсати тақвиятбахши солимии шаҳрвандон, беҳтар кардани расонидани кумаки тиббӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, 4 стратегия ва 16 барнома қабул гардидааст
Инчунин дар ҷаласаи мазкур самти рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳадафу афзалиятҳои дар соҳа гузошташуда арзёбӣ гардида, масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолият дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид.
Афзоиши назарраси иқтидори миллии соҳаи тандурустӣ омили ҳалкунандаи муқовимат ба муаммоҳо ва таконҳои нав дар доираи амалҳои барномавӣ барои давраи 2021 - 2025 мегардад. Вобаста ба ин бояд дар самти пешгирӣ, табобати босифат ва барқарорсозии беморони гирифтори бемориҳои низоми хун, шуш, саратон ва диабети қанд фаъолият бахшида шуда истодааст.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирифташуда чунин натиҷаҳои чашмдошт дида мешавад:
- Паст кардани нишондиҳандаҳои фавти аҳолӣ;
- Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва тавсеа ба дастрасии онҳо;
- На камтар аз як маротиба дар як сол таъмин гардидани шаҳрвандон ба муоинаҳои беҳдошти тиббӣ;
- Коҳиш ёфтани паҳншавии камхурии давомдор, инчунин норасоии микронутриентҳо миёни аҳолӣ, аз он ҷумла миёни кудакони то 5 сола, духтарон, наврасон ва занони ҳомила;
- Барқарорсозии кудакони дорои маъюбиятдошта дар муассисаҳои тиббӣ-санитарӣ
- Беҳтару натиҷанок намудани механизми маблағгузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар низоми тандурустӣ ва якчанд ҳадафу афзалиятҳои гузошташуда амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа баррасии Регламенти Гуруҳи кории байниидоравии №7 оид ба “Тандурустӣ” аз ҷониби М. Мадҷон – сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо рунамо карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣбасуроғаизеринмуроҷиаткардашавад: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефон: 2215507