13 ноябри соли 2023 ш. Душанбе
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии №11 \"Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим\" Шӯрои миллии рушди назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷадвали тасдиқшуда доир ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор намуд.
Ҷаласаро муовини якуми раиси Кумита – Қиёмзода Зарафо Суфиҷон оғоз намуда, ҳолати кунунии ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлимро дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Дарҷ гардид, ки бо назардошти осебпазирии баланди Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар кишвар санадҳои дахлдори стратегӣ - Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 амалӣ карда мешаванд,, дар онҳо афзалиятҳо ва самтҳои асосии фаъолият инъикос карда шудаанд.
Камолиддин Бозӣ – масъули котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки хавфҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои ин хавфҳо барои аҳолӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодиёт унсурҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошанд.
Ҳамзамон ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлимро дастгирӣ намуда, Созишномаи Париж оид ба Конвенсияи СММ-ро оид ба тағйирёбии иқлим дар соли 2016 имзо ва соли 2017 ба тасвиб расонд (ҲРУ 13а).
Инчунин дар рафти ҷаласа аз ҷониби Шукуров И. - сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гуруҳи №11 “Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим”: натиҷаҳо ва масъалаҳои ҷойдошта гузориш дода шуд.
Инчунин аҳ ҷониби дирктори филилаи тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор – Абдуалимов К. доир ба таҳияи Стратегияи миллии идоракунии партовҳо барои даври то соли 2030 ва зарурияти таъсис додани Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин масъалаҳои вобаста ба таҷдиди Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва корҳои иҷрошуда, рафти иҷрои Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таҳлили рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 дар қисмати хавфи офатҳои табиӣ ва мудофиаи гражданӣ, таҳкими иқтидори низоми идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, тақвияти низоми мониторинг ва огоҳсозии қаблӣ дар мисоли кули Сарез рунамоҳо ва вобаста ба ҳалли мушкилот дар ин самт муҳокимаронӣ гардида, пешниҳодҳои мухталиф манзур гардиданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки маблағгузорӣ барои амалишавии стратегияву барномаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим зиёд карда шуда, самаранок истифода бурда шаванд.
Инчунин пешниҳод гардид, ки барои ҳалли мушкилот дар ин самт намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шарикони рушд ҷалб карда шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.