Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2023 бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023, №23 “Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023” бо Нақшаи кории он дар ду зина (Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ваГурӯҳи техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба тасвиб расид.
Имрӯз тибқи Нақшаи кории мазкур дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо роҳбарии Мадҷон Мануҷеҳра-Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша ду барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла «Барномаи давлатӣ оид ба омузиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №209 ва«Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №93).
Оид ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур Профессор Қаюмов Абдулҳамид -Директори Муассисиаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва Шарифова Дилафрӯз - Сардори шӯъбуи банақшагирии Раёсати иҷтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Тибқи нақша то имрӯз бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ рӯнамои 14 барномаи соҳавию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.