Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди КШМР назди ПҶТдар соли 2023

Имрӯз дар меҳмонхонаи Хилтон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин-Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша чор барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

 -«Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114, масъул  Вазорати маориф ва илм);

-«Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №115, масъул Вазорати  фарҳанг);

-«Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90, масъул Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ);

-«Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон аз 30 апрели соли 2021, №172, масъул Саридораи геология).

Оид ба рафти иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби  Нодиров Бой - Мудири шӯъбаи  Хадамоти методии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Орифӣ Озар Баҳромзода - Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангии Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» Шафоат Гадоевич - Сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва оид ба «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» Фозилзода Мухтор – Сардори Шӯъбаи геологии Саридораи геология баромад намуданд.

Тибқи нақша то имрӯз бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ рӯнамои 20 барномаи соҳавию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.