ш. Душанбе. 25 октябри соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо коршиносони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) – ҷаноби Арман Бидорбахт Ниа, ҷаноби Даян Шаяни, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон семинари омузиширо оди ба таъмини мубодилаи маълумот барои роҳандозии Платформаи миллии пайгирии ҲРУ барои намояндагони Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Мадҷон М.М. – Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтакаҳои Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи ҲРУ изҳори сипос баён намуд. Қайд карда шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро барои ҳамоҳангсозии раванди амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушд, Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо барномаву стратегияҳои соҳавию минтақавӣ равона месозад.
Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм Шарҳи ихтиёрии миллии худро ҷиҳати муаррифии дастовардҳои дар самти татбиқи ҲРУ дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк пешниҳод намуд.
Дар ин радиф бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид платформаи миллии пайгирии ҲРУ таҳия карда шуд, ки дар баробари инъикоси дастовардҳо ва инчунин зарурияти роҳандозии тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи ҲРУ нишон медиҳад.
Аз ҷониби намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташрифзода Қиёмиддин оид ба ҳолати кунунии дастрасӣ ба маълумоти оморӣ ва қадамҳои минбаъда барои роҳандозии раванди бонизоми ҷамъоварии маълумот ва таъмини фаъолияти муназзами Платформаи миллии пайгирии ҲРУ муаррифӣ пешниҳод карда шуд.
Аз ҷониби коршиносони ЭСКАТО вобаста ба роҳандозии мубодилаи мунтазами маълумот барои таъмини фаъолияти устувори платформаи мазкур, тақвият бахшидани ҳамоҳангӣ дар доираи Гурӯҳи кории 13-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор пешниҳодҳои мушаххас дода шуд.
Дар доираи муҳокимаҳои гурӯҳи масъалаҳои тавсеаи дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ, тақвият бахшидани мубодилаи маълумот, ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва қадамҳои минбаъда оид ба тақвият бахшидани Платформаи миллии пайгирии ҲРУ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон сардори Раёсати нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувори Бюрои омори Ҷумҳурии Қазоқистон – хонум Айнура Доссанова, ки дар рафти семинар иштирок намуд, вобаста ба таҷриба ва мушкилоти мониторинги ҲРУ ва ташкили ҳамоҳангсозӣ мубодилаи таҷриба намуд.
Дар анҷоми семинар лоиҳаи нақшаи амал оид ба самтҳои минбаъдаи тақвият бахшидани ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати ташкили маҳзани миллии ҲРУ ва Платформаи миллии пайгирии ҲРУ дар доираи Гурӯҳи корӣ аз ҷониби коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳо омода гардида, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор ва милликунонии онҳо дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор гардид.