Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории №13-ум оид ба “Мониторинг ва арзёбӣ” дар мавзӯи ҳамаҳангсозӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои ҲРУ ва робитаи мутақобилаи онҳо дар чаҳорчубаи ташкили платформаи иттилоотии минтақавии ҲРУ барои кишварҳои ОМ

     Рӯзҳои 15 ва 16 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семенари машваратии Гурӯҳи кории байниидоравии №13-ум оид ба “Мониторинг ва арзёбӣ” дар мавзӯи ҳамаҳангсозӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ва робитаи мутақобилаи онҳо дар чаҳорчубаи ташкили платформаи иттилоотии минтақавии ҲРУ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи мазкур мутахассисони барнома оид ба иқтисодиёти сабз ва шуғли аҳолӣ, Маркази минтақавии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид  дар шаҳри Истанбул Михаил Пелях ва директори Котиботи Ҳадафҳои рушди устувори ҶС “Донишкадаи таҳқиқоти иқтисодӣ” Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Казоқистон Бақытгул Хамбар семинар оид ба ҳамоҳангсозии маълумот барои платформаи мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ (баррасии маълумот оид ба нишондиҳандаҳои миллӣ барои платформаи мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ дар Тоҷикистон, баррасии маълумот оид ба нишондиҳандаҳои миллӣ барои платформаи мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ дар Тоҷикистон),  семинар оид ба ҳамоҳангсозӣ ва тасдиқи робитаи байни нишондиҳандаҳои миллии ҲРУ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва тасдиқи робитаи байни ҲРУ дар блоки иҷтимоӣ  ( ҲРУ - 1, 2, 3, 4, 5),   дар блоки иқтисодӣ (ҲРУ - 7, 8, 9, 10, 11), дар блоки экологӣ (ҲРУ- 6, 12, 13, 14, 15), оид ба баланд бардоштани самаранокии муассисаҳо (ҲРУ - 16) ва тасдиқи муносибатҳои байни ҲРУ оид ба масъалаҳои рушди шарикӣ  (ҲРУ - 17) гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ вобаста ба вазифаҳо ва индикаторҳои ҲРУ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он таклифу пешниҳод намуданд.