Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоқикистон бо роҳбарии Бозӣ Камолиддин-Сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ тибқи Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии назди Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша се барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:
-«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114, масъул Вазорати маориф ва илм);
-«Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2021, №117, масъул Вазорати кишоварзӣ);
-« Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 , масъул Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб).
Оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Асомуддинзода Шарофиддин - Сардори Раёсати тащсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» Азизов Ҷумахон Раҷабович - сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» Асозода Мануҷеҳр Соҳибназар – Муовини Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баромад намуданд.
Тибқи нақша то имрӯз бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ рӯнамои 23 барномаи соҳавию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.