Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ санаи 4 Декабри соли ҷорӣ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор тавассути банақшагирии самараноки миллӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии дониш (PIP); Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA III);» муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба рафти иҷрои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Панҷ дар соли 2023 мебошад. Баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳои дар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар гашта, барои беҳтар гаштани сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҳусейн ва мушовири Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид Раҳмонов Зокир иштирок намуданд.
Барномаи мазкур дар доираи амалиёти Ҳадафҳои рушди устувор, дар заминаи «Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” сарчашма гирифта, ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар самти фароҳам овардани зиндагии шоиста барои аҳолии ноҳия нигаронида шудааст.
Барнома ҳамчун ҳуҷҷати стратегии рушди ноҳияи буда, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.
Барномаи мазкур 146 адад лоиҳаҳоро ба маблағи зиёда аз 317 миллиону 655 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад.
Дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудаи буҷети маҳаллӣ, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти татбиқи тадбирҳои муайян намудаи Барномаи рушди ноҳия корҳои зиёде иҷро шуданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2023 ҳамагӣ 67 лоиҳа ба маблағи 95 млн. 640 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст, ки ин 30,1 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил намуда, 18 лоиҳаи дигар дар амал қарор дошта ва 79 лоиҳа иҷро нагардидааст.
Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои иҷрогардидаи Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 28 млн. 640 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби бахши хусусӣ 56 млн. 400 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 10 млн. 380 ҳазор сомонӣ ташкил менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо сохтмони 8 синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд, дар ин замина зиёда аз 670 ҷойҳои нави хониш ташкил карда шуд.
Соли ҷорӣ дар ноҳия бо кӯмаки молиявии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид лоиҳаи LITACAсехи макаронбарории бо маблағи 638 ҳазор сомонӣ ба истифода дода мешавад.