18 декабри соли 2023 ш. Душанбе
18 декабри соли 2023 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии №5 (Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул) Шӯрои миллии рушди назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷадвали тасдиқшуда доир ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор намуд.
Ҷаласаро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қиёмиддин оғоз намуда, ҳолати кунунии соҳаи меҳнат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
Аз ҷумла дар бораи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040», ки аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ нигаронида шудааст, гузориш дода шуд.
Қайд гардид, ки «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятҳои асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.
Ёдовар гардид, ки «Мафҳуми «шуғли пурмаҳсул» дар асоси талаботи «Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ» муайян шуда, он фаъолиятест, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди меҳнат ё ин ки фоида аз соҳибкорӣ дар раванди истеҳсоли молҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва монанди инҳо таъмин мекунад. Воқеан, шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши истеъмолот, пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад»
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа аз ҷониби Директори Пажухишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавзуи “Ҷой ва нақши меъёрбандӣ ва музди меҳнат, шароит ва ҳифзи меҳнат, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар таъмини шуғли пурмаҳсул” ва аз ҷониби намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ташаккулёбӣ ва рушди низоми шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар ин раванд байни иштирокчиён мубодилаи афкор вуқуъ пайваст.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа баррасии Регламенти Гуруҳи кории байниидоравии №5 оид ба “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” аз ҷониби М. Мадҷон – сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо рунамо карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.