Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии №3 «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат»

20 декабри соли 2023 ш.  Душанбе

 

20 декабри соли 2023 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии №3 (Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат) Шӯрои миллии рушди назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷадвали тасдиқшуда доир ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор намуд.

Ҷаласаро муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зеваршои З.Т.оғоз намуда, ҳолати кунунии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифатро дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.

Дарҷ гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар (ҳадафи  сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030) мебошад, ки ба воситаи барномаҳои миёнамуҳлати рушд, барномаҳои рушди маҳал ва  барномаҳои соҳавии дахлдор амалӣ карда мешавад.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Абдуллозода Аҳмадҷон  - Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ рафти амалишавии Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ба таври рунамо пешниҳод гардид.

Тавре, ки маълум аст солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ ба диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил таваҷҷуҳи хоса зиҳир гардидааст.

Ҳамзамон, дар ин давра якчанд барномаҳои мақсаднок барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла оид ба рушди паррандапарварӣ, занбӯри асал парварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутоспарварӣ, асппарварӣ, беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва моҳипарварӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.

Васеъ кардани майдони кишт, ба таври пурра ва сифатнок гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ, татбиқи амалии барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ имконият дод, ки ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии намуди бештари зироатҳои кишоварзӣ зиёд карда шавад.

Ҳамчунин, саҳми соҳаи кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Қариб 2/3 ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии амалкунандаи ҷумҳурӣ корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд.

Ҳамзамон вобаста ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини дастрасӣ ба ғизои босифат дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои 5 соли оянда барои нигоҳ доштани устувории амнияти озуқавории мамлакат тавассути гирифтани 2-3 ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ тавассути мукаммалгардонии идоракунии соҳаи беҳдошти замин, васеъ ҷорӣ намудани механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ин самт, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои муосир ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ (ҲРУ 2.3.), то соли 2025 расонидани сатҳи худтаъминкунии озуқаворӣ то 70 фоиз, аз ҷумла аз рӯи маҳсулоти ғизоии асосӣ (гандум, картошка, равғани растанӣ, биринҷ) то 80 фоиз ҳадафҳои асосии (афзалиятҳои) рушд ба шумор меравад. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба ҳадафҳо такмили сиёсати идоракунӣ ва асосҳои институтсионалии соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти замин ва объёрӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти иттилоотии соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сифати ғизо бо татбиқи асосҳои кишоварзии органикӣ ва принсипҳои савдои «сабз», барқарорсозии низомҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо барои баланд бардоштани ҳолати мелиоративии шӯрзаминҳо ва ботлоқзорҳо, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ вазифагузорӣ карда шудааст.

Баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сифати ғизо бо татбиқи асосҳои кишоварзии органикӣ ва принсипҳои савдои «сабз» тавассути ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.), татбиқи технологияҳои «сабз» ва инфрасохтори «сабз» дар истеҳсолоти агросаноатӣ, таъсис додани низоми самараноки идораи хавфҳо ва ташкили мониторинги бехатарии озуқаворӣ ва ғизои пурарзиш, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои дахлдори соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ оид ба беҳтар намудани сифати ғизо ва таркиби истеъмолии аҳолӣ, коркарди чораҳои зарурӣ барои беҳтар кардани дастрасии хоҷагии хонаводаҳо ба озуқаворӣ, тақвияти кумаки иҷтимоӣ ва барномаҳои ғизо барои кӯдакон, ташаккули захираҳои озуқавории давлатӣ ва фонди озуқавории давлатии ғалла, афзоиши масоҳати боғу токзорҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоли равған аз зироатҳои равғандиҳандаи таъиноти озуқа ва тиббӣ-ороишӣ (зағир, ангат, сиёҳдона, зардолу) дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зимни иҷроиши онҳо ба натиҷаҳои чашмрас ноил шудан мумкин аст.

Инчунин дар рафти ҷаласа гузоришҳои намояндагони вазорату идораҳо дар гуруҳи корӣ шомилбуда вобаста ба татбиқи Барнома шунида шуда, маврди табодули афкор гардид.      

Лозим ба ёдоварист, ки Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавӣ ва маҳалӣ ва ҲРУ аз ҳисоби намояндагони вазорату идорахои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дод. Дар маҷмӯъ 14 Гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд аз рӯи самтҳои соҳаҳои интихобшудаи рушд, ки афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд, ташкил карда шудаанд.