27 декабри соли 2023 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Cаноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот"-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъияти ширкат намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Шарифова Дилафруз - намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Барномаи cаноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 муаррифи гардид .
Дар рафти ҷаласа барои дуруст ба роҳ мондани вазифаи Гурӯҳи корӣ дастурамали Гурӯҳи кории №4 оид ба Саноатикунонии босуръати кишвар ва диверсификатсияи содирот муаррифи карда шуд, ки ба Гурӯҳи корӣ иловатан барои баррасӣ илсол мегардад.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ дастоварду мушкилоти Вазорат дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима гардиданд.
Бо мақсадитакмилдоданинизоми мониторингваҳисоботдиҳӣ ҷиҳатитатбиқибарномаҳоимиллӣ, соҳавӣвамаҳаллӣваҲРУ, Котиботи ШӯроимиллиирушдиназдиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонГурӯҳҳоикорӣташкилмедиҳад, киаз намояндагонивазоратуидораҳоисоҳавӣ,ташкилотиҷамъиятӣвашариконирушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳикории байниидоравии Шӯроимиллиирушдмувофиқисамтҳоисоҳавии рушдифарогириафзалиятҳоиСтратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУташкилкарда шудаанд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.