МУҲОКИМАИ ҶАМЪИЯТИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ санаи 29 январи соли ҷорӣ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор тавассути банақшагирии самараноки миллӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии дониш (PIP); Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA III);» муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

      Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми раиси ноҳия Орифзода М. М. зимни баромадаш қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба рафти иҷрои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2023 мебошад.

Орифзода М. М. қайд намуд, ки дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудаи буҷети маҳаллӣ, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти татбиқи тадбирҳои муайян намудаи Барномаи рушди ноҳия корҳои зиёде иҷро шуданд.

Ба ҳолати 01 январи соли 2024 ҳамагӣ 94 лоиҳа ба маблағи 315 млн. 148 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст, ки ин 57,1 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил намуда, 40 лоиҳаи дигар дар амал қарор дошта ва 54 лоиҳа иҷро нагардидааст.

Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои иҷрогардидаи Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 10,8 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят 2,1 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 3,7 млн. сомонӣ,  аз ҳисоби бахши хусусӣ 42,5 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 255,9 млн. сомонӣ ташкил менамояд.

Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқуллода, нақлиёт ва роҳ амалӣ шудааст.