МУҲОКИМАИ ҶАМЪИЯТИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ФАРХОР

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор санаи 06 феврали соли ҷорӣ таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор тавассути банақшагирии самараноки миллӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии дониш (PIP); Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA III);» муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми раиси ноҳия Вализода Н. ифтитоҳ намуд, иброз дошт, ки дар ҷаласаи мазкур намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Камолиддин Бозӣ ва мушовири Барномаи рушди СММ Зокир Раҳмонов иштирок доранд.

Вализода Н. зимни баромадаш қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба рафти иҷрои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор дар соли 2023 мебошад.

Вализода Н. қайд намуд, ки дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудаи буҷети маҳаллӣ, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти татбиқи тадбирҳои муайян намудаи Барномаи рушди ноҳия корҳои зиёде иҷро шуданд.

Ба ҳолати 01 январи соли 2024 ҳамагӣ 104 лоиҳа ба маблағи 248 млн. сомонӣ амалӣ шудааст, ки ин 43,3 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил намуда, 27 лоиҳаи дигар дар амал қарор дошта ва 67 лоиҳа иҷро нагардидааст.

Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои иҷрогардидаи Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 38 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят 3 млн. сомонӣ, аз ҳисоби бахши хусусӣ 121 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 86 млн. сомонӣ ташкил менамояд.

Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқуллода, нақлиёт ва роҳ амалӣ шудааст.