Санаи 29 феврали соли 2024 дар мизи мудаввари Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба тавсеаи шуғли пурмаҳсули Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили манфиатҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва тавсияҳо муаррифӣ гардид. Дар гуруҳҳои хурд масъалаҳои танзими давлатии соҳибкории иҷтимоӣ, дастгирии давлатии соҳибкории иҷтимоӣ ва расмигардонии фаъолияти ҳунармандӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои ҷолиб манзур карда шуданд.