29 март мизи мудаввар дар мавзӯи Соҳибкории иҷтимоӣ ва афзоиши табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти ШҲШ-и Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мизи мудаввар фаъолони ШТ-и Шӯрои миллии рушд аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд. Дар мизи мудаввар натиҷаҳои таҳлили манфиатҳои иқтисодӣ аз рушди соҳибкории иҷтимоӣ, омӯхтани таҷрибаи бомуваффақияти байналмилалӣ ва тавсияҳо пешниҳод ва баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин зарурати таҳияи лоиҳаи Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзоиши табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳадафҳои дар СМР-2030 муайянгардида баррасӣ шуда, сипас дар гурӯҳҳои хурд оид ба масъалаҳои мубрами корӣ муҳокима карда шуд. масъалахои баланд бардоштани дарачаи даромади ахолй, бахусус чавонону занон, фарохам овардани шароити мусоид барои шугли пурмахсул, бахусус табакахои осебпазири ахолй ва паст кардани нобаробарй ва пешниходи натичахои мухокима.
Дар охир иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таблиғи тавсияҳои пешниҳодшуда ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар ин самт ба хулосаҳои умумӣ омаданд.
