31 майи соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
ҶаласароМадҷон М. Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда оид ба нақши Шӯро дар амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (БМР 2021-2025) ва Ҳадафҳои рушди устувор маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Шӯро мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба Рӯзномаи 2030 таъсис дода шудааст. Дар доираи Шӯро Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи 14 ҳадафу афзалиятҳои стратегии рушди кишвар фаъолият менамоянд, ки мақсади асоси онҳо баррасии роҳҳои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои миллии гузошташуда мебошад.
Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Абдуллозода А. сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муаррифии «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» рӯнамо пешниҳод гардид, ки Барномаи мазкур ҳамчун як форум барои муттаҳидсозии кӯшишҳои Ҳукумат ва шарикони рушд ҷиҳати таҳкими ислоҳоти институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи кишоварзӣ татбиқ карда шудааст. Аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво атрофи масъалаҳои роҳандозии технологияҳои иттилоотӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, мутобиқ намудани маҳсулот ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои молиявӣ барои татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои барнома сурат гирифт.
Дар раванди ҷаласа аз ҷониби Назаров С. директори МД «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзӣ муаррифии «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» рӯнамо пешкаши аъзои гуруҳи корӣ гардид, ки мақсади асосӣ ва қабули зарурияти барнома, истифодаи самараноки чарогоҳҳои кишвар, афзун гардонидани захираи алафҳои табиии чарогоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир тавассути кишт намудани тухми алафҳои табиӣ, ғизодиҳӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба қадри 15-20 сентнер мебошад.
Инчунин аз ҷониби коршиноси миллӣ Муминова Фарида дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе» рӯнамо пешкаши иштирокчиёни ҷаласа гардид, ки байни иштирокчиён мубоҳисаҳоро дар мавзӯи роҳандозии таҷрибаи пешқадами танзими нархи маҳсулоти озуқа, бунёди сардхонаҳои муосир ва инфрасохтори логистикӣ, баланд бардоштани маданияти соҳибкорон, даромади аҳолӣ, сатҳи фарҳангу маърифат, касбият ва тахассуси ҷавонон ва сокинони пойтахт ва дигар масъалаҳои мавзӯъ ба миён омад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ дар сомонаи МИҲД шаҳри Душанбе ва сомонаи Шӯрои миллии рушд барои баррасӣ ва пешниҳоду таклифҳо ҷой дода мешавад. Ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор метавонанд тариқи мустақим бо лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Душанбе ояндаи ҳушманд ва устувор” шинос шуда, дар такмили он ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи пойтахти кишвар саҳми худро гузоранд.
Дар анҷоми ҷаласа ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушд аз аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои дар БМР 2021-2025, СМР-2030 ва ҲРУ даъват ба амал оварданд.