15 октябри соли 2024, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии БРСММ барои кормандони Идораи рушди ҳудудӣ ва мониторинги барномаҳои миллӣ (ВРИС) дар мавзӯи "Асосҳои банақшагирии стратегӣ ва мониторинги барномаҳои маҳаллии рушд" семинари омӯзишӣ гузаронид.
Мақсади асосии гузаронидани семинар барои баланд бардоштани малака ва дониши кормандони Идораи рушди ҳудудӣ ва мониторинги барномаҳои миллӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва мониторинги барномаҳои маҳаллии рушд ба ҳисоб меравад.
Нуқтаҳои асосии семинар ба масъалаҳои моҳият ва мундариҷаи банақшагирии стратегӣ, раванди таҳияи Барномаҳои рушди иҷтимоияю иқтисодӣ, SWOT – таҳлил ва моҳияти он, таҳияи матритсаи мантиқӣ, мониторинг ва арзебии Барномаҳои рушди иҷтимоияю иқтисодии маҳаллӣ равона карда шуд.
Семинари омӯзишӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи БРСММ "Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон" (LITACA III), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ карда шудааст.