Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

   19 апрели соли 2024 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.

   Ҷаласаро Шоимзода Ҷамшед- Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳра Мадҷон- Ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.

   Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъияти иштирок намуданд.

   Дар рафти ҷаласа коршиносони дар мавзуъҳои “татбиқи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва маблағгузорӣ дар соҳаи об”,  “дастовардҳои асосии лоиҳаи TRIGGER II”, “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” “омодагӣ бо Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, “ раванди омодагӣ ба 14-умин Семинари байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Навсозии шабакаҳои обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор”, “Консепсияи дастгирии рушди таҳсилоти олӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 ва барқарорсозии лабораторияи факултаи Гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур” “Низоми миллии иттилоотии об ва нақшаи рушди он” рӯнамоҳо муарифи намуданд.

   Дар раванди  ҷаласа иштирокчиёни Гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои лоиҳаи Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032 ва дигар барномаҳои соҳавиро муҳокима намуданд.

   Дар анҷоми ҷаласа Шоимзода Ҷамшед – Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) суханрони намуданд.

   Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ва суроғаи электронии ndc.secretariat2021@gmail.com муроҷиат намоед.

Замимаҳо: