6 феврали соли 2025 ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи кории ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, донорҳо ва шарикони рушд иштирок карданд. Бо сухани ифтитоҳӣ ҷаноби Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, аҳамияти идоракунии устувори захираҳои обро барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар таъкид намуд.
Ба татбиқи Стратегияи миллии захираҳои об то соли 2040, аз ҷумла ташаббусҳои сармоягузорӣ, лоиҳаҳои нави рушди шарикони байналмилалӣ ва таҳкими Системаи миллии иттилооти обӣ (NWIS) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Рушди Осиё (АБР), Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (ЕББР), Бонки Рушди АвруОсиё (ЕБР), САҲА, USAID, ЮНИСЕФ, ПРООН, ФАО, GIZ, JICA ва дигар ташкилотҳо ташаббусҳои ҷорӣ ва банақшагирифтаро оид ба навсозии инфрасохтори об, таҳкими устувории иқлимӣ ва дастгирии ислоҳоти соҳаи об муаррифӣ намуданд.
Ҷаласа бо ҷамъбасти муҳокимаҳо ва муайян намудани қадамҳои минбаъда барои таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи муассир анҷом ёфт.
Хулосаҳо ва тавсияҳои асосӣ:
-
Ҳамгироии стратегия оид ба захираҳои об бо дигар барномаҳои миллӣ (кишоварзӣ, иқлим, тандурустӣ);
-
Дастгирии ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳкими иқтидори инсонӣ;
-
Васеъ намудани Системаи миллии иттилооти обӣ (NWIS) бо ворид намудани маълумот оид ба сифати ва ҳаҷми об;
-
Қавӣ намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ.
Қадамҳои минбаъда:
-
Таҳияи харитаи роҳ барои татбиқи афзалиятҳои стратегӣ;
-
Гузаронидани ҷаласаҳои мунтазами гурӯҳҳои корӣ барои мониторинги пешрафт;
-
Омода намудани ҳисоботи пешрафт барои ҷаласаи навбатӣ.