Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи 3 оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030

   29 апрели соли 2025, шаҳри Душанбе

   Имрӯз ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи 3 оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026–2030) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласа баррасии афзалиятҳои стратегӣ ва нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ дар доираи лоиҳаи Барномаи миллии рушд барои солҳои 2026–2030 буд. Ҷаласа дар доираи раванди фарогири таҳияи марҳилаи сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 баргузор шуда, ба таҳлили амиқи дурнамои рушди иҷтимоӣ ва баррасии таҷрибаи давраи қаблӣ нигаронида шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа чанд мавзӯи калидӣ мавриди рӯнамо ва муҳокима қарор гирифтанд.

Фарида Муминова, коршиноси миллӣ, таҳлили фарогири иҷрои ҳадафҳои бахши иҷтимоии Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025-ро пешниҳод намуд. Мавзӯъ ба натиҷаҳои амалигардида дар самтҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шуда, пешрафтҳо дар соҳаи фарогирии таҳсилоти босифат ва пуштибонии табақаҳои осебпазир таъкид гардид. Ҳамзамон, Муминова Ф.М. мушкилоти боқимонда, аз ҷумла нобаробарӣ дар дастрасӣ, маҳдудияти захираҳо ва зарурати рақамикунонии хизматрасониҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ, инчунин сабақҳои омӯхташуда барои марҳилаи навро шарҳ дод.

Дар идома, Муминова инчунин лоиҳаи боби иҷтимоии БМР 2026–2030-ро муаррифӣ намуд. Мавзӯъ ба тавсифи афзалиятҳо ва ҳадафҳои стратегии бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сифати таҳсилот, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ, рушди имкониятҳои фарогири иҷтимоӣ ва такмили воситаҳои ҳифзи қишрҳои осебпазир бахшида буд. Ӯ ба зарурати ҳамгироии пурраи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) дар муҳтавои барнома, таъини натиҷаҳои интизоршаванда ва нишондиҳандаҳои мушаххаси мониторинг ва арзёбӣ таъкид намуд.

Одиназода Маҳтобӣ, коршиноси бахши тандурустӣ, таҳлили амиқи вазъи соҳаи тандурустиро пешниҳод кард. Мавзӯъ ба мушкилоти ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа ва дурнамои рушди низоми тандурустии миллӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳо, таҳкими инфрасохтори тиббӣ, рушди касбии кадрҳо ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тиббӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Уктам Ҷумаев таҳлили амиқи вазъи табақаи миёна дар Тоҷикистонро пешниҳод карда, ба нақши он дар таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ равшанӣ андохт. Дар баромад, методологияи арзёбии табақаи миёна, нишондиҳандаҳои калидии фарқкунанда ва масъалаҳои фарогирӣ, субот ва имкониятҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар муҳокимаҳои ҷаласа, намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мушовирони миллӣ ва байналмилалии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), инчунин вазорату идораҳои марбута иштирок намуданд. Мавзӯъҳои муҳиме чун равандҳои муосири рушди бозори меҳнат, рақамикунонӣ, таъсири хатарҳои тағйирёбии иқлим, таъмини манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазир ва зарурати муайян намудани нишондиҳандаҳои ҳадафноки мутобиқ ба ҲРУ мавриди баррасии мушаххас қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи ҷаласа афзалиятҳои муҳими бахши иҷтимоии Барномаи миллии рушд барои солҳои 2026–2030 таҳлил ва пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, такмил додани сиёсати фарогири иҷтимоӣ, мутобиқ намудани низоми таҳсилот ва тандурустӣ ба талаботи замони муосир, рушди қобилияти рақобатпазирии кадрҳои миллӣ ва баробарии иҷтимоӣ таъкид гардиданд.

Пешниҳодҳои иштирокчиён, ки бар таҳкими механизми иҷро, нишондиҳандаҳои мониторинг ва ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд, ҳамчун ҷузъи муҳими такмили муҳтаво ба назар гирифта мешаванд.


Барои маълумоти бештар:
Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  
ndc.secretariat2021@gmail.com